﻿Қориъаҳ.
Чист қориъаҳ?
"ва ту чӣ донӣ, ки қориъаҳ чист?"
"Рӯзест, ки мардум чун парвонагон пароканда бошанд"
ва кӯҳҳо чун пашми задашуда.
"Аммо ҳар кӣ паллаи некиҳои тарозуяш вазнин бошад,"
Пас ӯ дар айши писандида бошад.
ва аммо ҳар кӣ сабук шуд паллаи некиҳои тарозуяш
ҷойгоҳаш дар ҳовияҳ аст.
"Ва ту чӣ донӣ, ки ҳовияҳ чист?"
Оташест дар ниҳояти гармӣ.
